Ru  | Tj
Оғози марҳилаи тоза. Президент мулоқот бо Раисиро “сермаҳсул” унвон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оғози марҳилаи тоза. Президент мулоқот бо Раисиро “сермаҳсул” унвон кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози марҳилаи тоза. Президент мулоқот бо Раисиро “сермаҳсул” унвон кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон сафари Сайид Иброҳим Раисӣ ба Душанберо оғози марҳилаи тоза дар рушди муносибот миёни ду кишвари дӯст унвон кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон пас аз мулоқоту музокирот бо ҳамтои эронии худ сафари вай ба Душанберо оғози марҳилаи нав дар муносиботи Душанбеву Теҳрон арзёбӣ кард.

Президенти кишвар дар изҳороти матбуотии худ гуфт, дар мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар масъалаҳои асосии марбут ба густариши равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, бастаи нави асноди ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Эрон аст ва ба ин ҳадаф ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот ба зарурати таҳия ва тасвиби як барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таъкид кардаанд.

Манбаъ меафзояд, истифода аз имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамлу нақли молҳо аз дигар ҷанбаҳои густариши равобит будааст, ки Раҳмону Раисӣ ба он таваҷҷуҳ намуданд.

Ҳамчунин мавзӯи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон аз меҳварҳои аслии гуфтгугӯи президентҳои Тоҷикистону Эрон будааст ва ҳар ду ҷониб ба зарурати ташкили ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар таъкид доштаанд.

“Мо — Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдорем”, - иброз намуд Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Раисӣ дар ҳузури хабарнигорон.

Сайид Иборҳим Раисӣ 16-уми сентябр ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва ба манзури анҷоми як сафари расмӣ ба Душанбе омада буд.

Бояд гуфт, ки дар нишасти Душанбе раванди пазируфта шудани Эрон ҳамчун узви комилҳуқуқ ба СҲШ оғоз ёфт.

Дар чорчӯби ин сафар Раисӣ ҳамчунин ба шаҳри Кӯлоб рафт ва марқади Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед