Ru  | Tj
Оғози мавсими нав. Театри Лоҳутӣ “Шикори шер” – и Ҷурҷӣ Зайдонро ба саҳна овард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оғози мавсими нав. Театри Лоҳутӣ “Шикори шер” – и Ҷурҷӣ Зайдонро ба саҳна овард
Акс: ASIA-Plus

Оғози мавсими нав. Театри Лоҳутӣ “Шикори шер” – и Ҷурҷӣ Зайдонро ба саҳна овард

Нашр шуд

Рӯзи шанбе дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз ёфт ва он то моҳҳои июл-августи соли оянда идома меёбад.

Вазорати фарҳанг аз оғози мавсими нави театрӣ дар Тоҷикистон хабар додаву гуфт, ки мавсими нав аз мавсимҳои қаблӣ фарқ хоҳад дошт.

Манбаъ ин тафовутро шарҳ додаву афзуд, ки намоишҳои омоданамудаи тетарҳои Тоҷикистон дар ин мавсим аз нигоҳи мавзӯъ, сатҳи касбият, тарзи пешниҳод ва нақшофарии ҳунарпешагон, кори коргардонҳо ва саҳнаофариву ороиши мусиқӣ такмил ёфтаанд.

Ҳамин тавр, Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ мавсими нави 92-юми худро бо намоиши «Шикори шер»-и С. Усмонов аз рӯи асари адиби Миср Ҷурҷӣ Зайдон оғоз намуд.

Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский бошад, мавсими нави 84-уми хешро бо спектакли «Ханума» ифтитоҳ кард.

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир бархе аз зиёиёну коргардонҳои тоҷик аз қолаби шахшудаи таҳия ва пешниҳоди намоишҳо дар театрҳои кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҳамчунин тамошобини кам доштани театр аз дигар мушкилотест, ки аҳли ҳунари кишварро ба ташфиш овардааст.

Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон озмуни сенария эълон менамояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед