Ru  | Tj
Оғози нахустин қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оғози нахустин қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ дар Душанбе
Акс: "Ховар"

Оғози нахустин қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ дар Душанбе

Нашр шуд

Паҳлавонони беш аз 60 кишвари ҷаҳон тайи ду рӯз дар Душанбе дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон сабқат хоҳанд кард.

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе нахустин Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад «Ховар».

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Паҳлавонон дар 9 вазн - 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои пулии ин қаҳрамонии ҷаҳон 400 ҳазор доллар аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллар тақдим мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллар сарфароз гардонида мешаванд.

Аз Тоҷикистон дар аввалин Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ 18 нафар – дар ҳар вазн дунафарӣ иштирок мекунанд. Ҳамин тариқ дар ин мусобиқа Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг дар байни занҳо зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Рамзи нахустин Қаҳрамонии ҷаҳонии гӯштингирӣ бошад бабри барфӣ интихоб шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед