Ru  | Tj
Оғози татбиқи тарҳи минтақаии ТАПИ дар Афғонистон баъди як даҳа интизорӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оғози татбиқи тарҳи минтақаии ТАПИ дар Афғонистон баъди як даҳа интизорӣ

Оғози татбиқи тарҳи минтақаии ТАПИ дар Афғонистон баъди як даҳа интизорӣ

Нашр шуд

Бо гузашти тақрибан даҳ сол аз оғози тарҳи интиқоли гази ТАПИ дар Туркманистон, кори амалии ин тарҳ 11 сентябри соли ҷорӣ дар Ҳирот оғоз мешавад.

Мулло Муҳаммадҳасан Охунд, нахуствазири гурӯҳи Толибон*, имрӯз дар раъси як ҳайати баландпоя ба Туркманистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи тарҳи ТАПИ сафар кард. Ҳукумати Толибон* эълон кард, ки Ҳасан Охунд бо Қурбонгулӣ Бардимуҳаммадов, раҳбари миллии Туркманистон дар минтақаи Салимчашма мулоқот кардааст.

Дар хабари Толибон* омадааст, ки дар ин дидор ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи равобити дуҷониба ва аҳамияти иҷрои тарҳҳои бузурги миёни ду кишвар ва лоиҳаҳои минтақаӣ гуфтугӯ ва табодули афкор кардаанд ва онро барои рифоҳ ва осоиши мардуми Афғонистон ва Туркманистон муфид ва арзишманд хондаанд.

Қарор аст, ки имрӯз як қисмати тарҳи лӯлаи гази Туркманистон тавассути Афғонистон ба Покистону Ҳинд (TAПИ) ифтитоҳ шавад. Сохтмони бахши аввали ин лоиҳа дар Туркманистон анҷом ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи Толибон* ба далели ифтитоҳи ин тарҳ рӯзи 11 сентябрро дар Ҳирот истироҳат эълом кардаанд.

Вазорати маъдан ва нафти Толибон* гуфтааст, интиқоли гази Туркманистон тавассути лӯлаи гази ТАПИ ба Покистону Ҳинд ба Афғонистон 400 миллион доллар даромади солона хоҳад овард.

Тарҳи ТАПИ аз ғарби Туркманистон оғоз шуда, пас аз убур аз Ҳироту Қандаҳори Афғонистон, ба Кветта ва Мултони Покистон меравад дар ниҳоят ба ғарби Ҳиндустон мерасад.

Ин тарҳ моҳи декабри соли 2015 дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон аз сӯи раҳбарони Афғонистон, Покистон, Ҳинд ва Туркманистон ифтитоҳ шуда буд, аммо ба далели ноамнӣ дар Афғонистон ва баҳсҳои минтақаӣ ин тарҳ то ҳол иҷро нашудааст.

Дарозии умумии лӯлаи гази ТАПИ 1814 километрро ташкил медиҳад, ки 816 километри он аз қаламрави Афғонистон мегузарад. Ин лӯлаи газ зарфияти интиқоли 33 миллиард метри мукааб газро дар як сол дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед