Ru  | Tj
Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 51 кушта барҷой гузоштанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 51 кушта барҷой гузоштанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 51 кушта барҷой гузоштанд

Нашр шуд

Соли 2023 зарар аз офатҳои табиӣ ба иқтисоди  Тоҷикистон беш аз 100 миллион сомониро ташкил дода, бар асари ин ҳаводис беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд изҳор дошт.

"Соли гузашта, дар маҷмӯъ, зиёда аз панҷсаду панҷоҳ офати табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва ярчу тармафароӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 51 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисоди миллӣ хисороти зиёди молӣ ва моддӣ (қариб 100 миллион сомонӣ) ворид гардид. Дар фасли баҳори соли 2024 низ боришоти пайдарпай хисороти зиёд ба бор оварданд."- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки тирамоҳу зимистони гузашта, баръакс, хеле камбориш омад ва ин ҳолат боиси коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид, ки беш аз 60 дарсади онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти ин ҳолат, бо эҳтимоли зиёд, соли ҷорӣ низ Тоҷикистонро камобиву хушксолӣ интизор аст.

Дар баробари ин ба гуфтаи вай, ҳамасола бо сабабҳои таъсири омилҳои экологӣ ва фаъолиятҳои инсон  заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мемонанд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина гуфт, ки айни замон зиёда аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахш

қарор дорад, ки чунин  ҳолат боиси сарбории иловагӣ ба буҷети давлат мегардад.

Бояд гуфт, ки чанде пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаҷми хисороти сел, обхезӣ ва сангрезиҳо бар асари боришоти шадиди охири моҳи май дар ин кишвар беш аз 44 миллион сомонӣ буда, дар маҷмӯъ дар маҷмӯъ дар ин муддат 256 ҳодисаи табиӣ сабт шуд.

Тибқи иттилои КҲФ, дар минтақаҳои зарардида биноҳои шаш мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 260 километр роҳ, 27 пул, беш аз 15 километр хати барқ, наздики 88 километр иншооти муҳофизати соҳил, тақрибан 93 километр хати обрасонӣ ва 10 пойгоҳи обкашӣ хароб шуд. Инчунин ба 1076 гектар киштзор низ зарар дида, қариб 700 cap чорвои мардум нобуд шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед