Ru  | Tj
Оилаҳои эҳтиёҷманди Хуҷанд аз Сарвари давлат хона тӯҳфа гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оилаҳои эҳтиёҷманди Хуҷанд аз Сарвари давлат хона тӯҳфа гирифтанд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Оилаҳои эҳтиёҷманди Хуҷанд аз Сарвари давлат хона тӯҳфа гирифтанд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд ба 150 нафар ятимони кулл тӯҳфаҳои хотирмон, либосҳои мактабӣ, пойафзол ва шириниҳо тақдим намуда, барояшон дастархони идона орост.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ки раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Хуҷанд ду бинои нави 9 ошёнаро ифтитоҳ намуд.

Ба таъкиди манбаъ, калиди шаш хонаи истиқоматии сохташуда ба кормандони соҳаҳои маориф, беҳдошт ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ҳадя шудааст.

Гуфта мешавад, шаш оилае, ки як рӯз қабл соҳиби хонаҳои нав шудаанд, тайи чандин солҳо иҷоранишин будаанд. 

Ҳамчунин, қайд гардидааст, ки биноҳои мазкур аз ҷониби ҶДММ "Сармоя сохтмон" бунёд гардидааст. 

Ёдрас мешавем, ки Сарвари давлати Тоҷикистон аз 8-уми феврал дар Суғд қарор дошта ва тайи ин рӯзҳо ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар карда, дар доираи он иншоот ва биноҳои навро ба истифода медиҳад.


Раиси вилояти Хатлон ҳамчун туҳфаи идона хонаи истиқоматӣ тақдим кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед