Ru  | Tj
Оини ниёгон. Дар Боғи Фирдавсии Душанбе ҷашни Садаро таҷлил мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оини ниёгон. Дар Боғи Фирдавсии Душанбе ҷашни Садаро таҷлил мекунанд
Акс: Ovozitojik.uz

Оини ниёгон. Дар Боғи Фирдавсии Душанбе ҷашни Садаро таҷлил мекунанд

Нашр шуд

30-уми январ дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт ҷашни Сада ва намоиши ниҳолу тухмиҳо баргузор мешавад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ин рӯз дар боғи Фирдавсӣ афрӯхтани гулханҳо, намоиши олоти кишоварзӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои зироати кишоварзӣ дар назар гирифта шудааст. 

Манбаъ афзудааст, ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ба фаъолони соҳа ҷоизаҳои махсус тақдим мешавад. 

Гуфта мешавад, соли гузашта барои кишоварзони тоҷик новобаста аз мушкилоти пешомада соли бобарор будааст.  Бар пояи омори расмӣ, дар соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 39,7 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2020 ба 106,6 фоиз баробар гардидааст.

Бояд гуфт, ки пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ба эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ аҳамияти махсус дода мешавад, ки зинда шудани ҷашнҳои Сада ва Меҳргон натиҷаи рӯшани он аст. 
Ҳамчунин, Тоҷикистон номинаи ҷашни «Сада»-ро ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки аз сӯи ин созмон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад. 


7 далел дар бораи ҷашни қадимии Сада


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед