Ru  | Tj
Охирин имконияти ҷудокорони тоҷик барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио - 2020

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Охирин имконияти ҷудокорони тоҷик барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио - 2020

Охирин имконияти ҷудокорони тоҷик барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио - 2020

Нашр шуд

Дар мусобиқаи фароқоравии ҷудо, ки аз 6-ум то 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон (Венгрия) доир мегардад, 6 нафар ҷудокори Тоҷикистон, аз ҷумла як нафар бону низ, иштирок мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз миёни мардон Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни 66 кг, Акмал Муродов дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90 кг, Темур Раҳимов дар вазни 100 кг ва миёни занон Шукрона Қарчиева дар вазни 48 кг намояндагӣ хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки охирин мусобиқа барои соҳиб гардидани имтиёзҳои зарурӣ ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии Токио - 2020 мебошад, 706 нафар ҷудочӣ, (412 нафар - мард ва 291 нафар – зан), аз 132-мамлакати ҷаҳон ширкат меварзанд.

Мусобиқаи мазкур ба гӯштингирон имкон медиҳад, ки хазинаи холҳои хешро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) боз ҳам бештар гардонда, сазовори роҳхати олимпӣ гарданд.

Бояд гуфт, ки Комроншоҳи Устопириён, Шаҳбоз Саидабуроров ва Темур Раҳимов имкони бештари ба даст овардани роҳхатро доранд.

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки варзишгари муваффақи кишвар Сомон Маҳмадбеков бо сабаби ҷароҳат доштан, аз ин мусобиқа даст кашид.

Олимпиада барои ҷавонон - имкон медиҳад, ки таҳсили ройгонро дар Донишгоҳи Молиявӣ ба даст оранд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед