Ru  | Tj
Ғолибияти Норвегия: Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин хотима ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ғолибияти Норвегия: Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин хотима ёфт
Акс: Интернет

Ғолибияти Норвегия: Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин хотима ёфт

Нашр шуд

Рӯзи 20-уми феврал маросими пӯшидашавии Бозиҳои олимпии зимистона  (БОЗ) баргузор гардид.

Тавре "Свободная пресса" хабар медиҳад, рӯзи гузашта дар Варзишгоҳи миллии Пекин оташи БОЗ-и соли 2022 хомӯш карда шуд.

Ба иловаи манбаъ, аз рӯйи шумораи умумии ҷоизаҳо Норвегия сазовори ҷойи аввал (37 медал), Русия мақоми дувум (32 медал) ва Олмон ҷойи саввум (27 медал) гаштаанд.

Гуфта мешавад, ки Бозиҳои олимпии зимистона дар соли 2026 дар шаҳрҳои  Итолиё баргузор хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои олимпии зимистона дар Чин 16 рӯз давом карда, дар он варзишгарон аз 91 давлати дунё ширкат варзиданд. Имсол барои БОЗ аз рӯйи 7 намуди варзиш 109 маҷмӯи ҷоизаҳо ҷудо гардида буд.


Аввалин телевизони хусусии Афғонистон аз фаъолият монд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед