Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ғолибони озмуни «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» дар вилояти Суғд муайян шуданд
Нашр шуд
-Дастаи навоварони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо лоиҳаи навсозии гармхона мақоми авввал, навоварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо пешниҳоди лоиҳаи мақсаднок истифода бурдани партовҳо ҷойи дуюм, дастаи навоварони шаҳри Исфара бо лоиҳаи омода намудани маҳлулҳои зиддисироятӣ ва муҳассилини ноҳияи Деваштич бо лоиҳаи дӯхти ниқобҳои ҳимоятӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд,- гуфт манбаъ.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдусабур Абдуваҳҳобов, сарвари Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Фирдавс Ашӯрматов, ҳамоҳангсози барнома Заррина Султонова иштирок намуда, роҳандозии чунин лоиҳаро қадаме ба пеш дар роҳи татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф арзёбӣ намуданд.
Зикр шуд, ки иқдоми мазкур барои ташаккули тафаккури техникӣ, рӯ ба навоварию майли бештар пайдо намудан ба техникаву технология мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби Созмони байналмилалии хазинаи кӯдакон (ЮНИCЕФ) ба ғолиби ҷойи якум 1500 сомонӣ, ба ғолиби ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 500 сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим карда шуд.
Манбаъ: https://khovar.tj/2020/08/oliboni-ozmuni-be-tarin-loi-ai-i-timo-dar-viloyati-su-d-muajyan-shudand
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед