Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ғолибони озмуни «Китоби сол-2024» эълон шуданд
Нашр шуд
«Сетор» - гулчини ғазалиёти Фарзона ва «Як дарси аҳду вафо»-и Кароматуллоҳи Мирзо дар бахши назму наср сазовори ҷойи якум шуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.
Рӯзи 24 декабр дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» доир гардид, ки дар бахши «Китоби назм» муаллифон Фарзона бо гулчини ғазали «Сетор», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Хандаи талх» ва Бузургмеҳри Баҳодур бо китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» ғолиб дониста шуданд. Дар бора “Ховар” бо такя ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин манбаъ, дар бахши «Китоби наср» бошад китобҳои «Як дарси аҳду вафо»-и Кароматуллоҳи Мирзо, «Имтиҳони қисмат»-и Шодӣ Раҷабзод ва «Қасоси модагург»-и Ховари Пӯлод ғолиб дониста шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба озмуни «Китоби сол-2024» аз тарафи муаллифон ва ноширон 55 китоби тозанашри бадеии назму наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷума пешниҳод гардид.
Китобҳое, ки соли 2024 аз тарафи муаллифон дар чопхонаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расида, барои иштирок дар озмуни «Китоби сол-2024» ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, қабл аз натиҷагирӣ барои омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешкаш шуданд.
Тибқи шартҳои озмун, мазмуну муҳтавои ин китобҳо бояд мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро фаро гирифта, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба ватанро барафрӯзанд ва ҳамчунин бо ороишоти хуб муқовабандӣ шуда бошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед