Ru  | Tj
Олмон ба Тоҷикистон ваксинаи “AstraZeneca” тақдим мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Олмон ба Тоҷикистон ваксинаи “AstraZeneca” тақдим мекунад
Акс: РИА Новости

Олмон ба Тоҷикистон ваксинаи “AstraZeneca” тақдим мекунад

Нашр шуд

Олмон ба Тоҷикистон ва чаҳор кишвари дигар бастаҳои ваксинаи AstraZeneca тақдим менамояд.

Ба гузориши Sputnik, ин матлабро Улрике Деммер, намояндаи Девони вазирони Олмон дар як нишасти матбуотӣ изҳор доштааст.

Деммер гуфтааст, ки Олмон ба панҷ кишвари рӯ ба рушд тавассути барномаи COVAX ҳудуди 30 миллион воя ваксинаи коронавирус тақдим менамояд. Ин кишварҳо Афғонистон, Судон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эфиопия мебошанд.

То имрӯз ба Тоҷикистон се навъи ваксина аз коронавирус – “CoronaVaс”, “AstraZeneca” ва “Moderna” - и амрикоӣ ворид шудааст.

Вазорати тандурустӣ қаблан эълом карда буд, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинони кишвар ваксина бигиранд.

Озорбойҷон ба Тоҷикистон 40 000 вояи ваксинаи AstraZeneca дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед