Ru  | Tj
Омӯзгори тоҷик дар озмуни байналмилалии омӯзгорони забони русии кишварҳои ИДМ ғолиб омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омӯзгори тоҷик дар озмуни байналмилалии омӯзгорони забони русии кишварҳои ИДМ ғолиб омад

Омӯзгори тоҷик дар озмуни байналмилалии омӯзгорони забони русии кишварҳои ИДМ ғолиб омад

Нашр шуд

Барно Саидова, омӯзгори забон ва адабиёти рус дар озмуни байналмилалии идеяҳо ва истеъдоди омӯзгории "Мактаб бидуни марз", ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Маскав баргузор шудааст, сазовори ҷойи аввал гаштааст.

"Voice of Tajikistan" ("Овози тоҷик") дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ медиҳад, ки озмуни мазкур бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия роҳандозӣ шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, "Мактаб бидуни марз" дар маҷмӯъ 600 омӯзгорро аз тамоми кишварҳои узви ИДМ дар доираи озмун ба ҳам овардааст.

Зикр мегардад, ки мувофиқ ба шарти озмун, довталабон коркардҳои лоиҳаи таълимӣ (педагогӣ)-и худро дар соҳаи таълими забони русӣ барои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ бо забони русӣ муаррифӣ кардаанд ва аз рӯйи натиҷа 12 нафар омӯзгор ғолиб баромадаанд.

Хотиррасон менамоем, ки Барно Саидова омӯзгори муассисаи таълимии хусусии «Империяи дониш» мебошад.


Гулсифат Шаҳидӣ барандаи ҷоизаи “Авруосиё” шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед