Ru  | Tj
Омӯзгорони Афғонистон барои такмили ихтисос ба Душанбе меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омӯзгорони Афғонистон барои такмили ихтисос ба Душанбе меоянд
Акс: Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Омӯзгорони Афғонистон барои такмили ихтисос ба Душанбе меоянд

Нашр шуд

Диловар Қодирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Душанбе бо шаҳрдори пойтахти Афғонистон мулоқот ва масоили марбут ба густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи маорифро баррасӣ кард.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи ин вазорат, иттилоъ додааст, ки дар мулоқот тарафҳо аз ҷумла ба масъалаҳои ҷудо намудани бурсияҳо ба довталабони афғон барои таҳсил дар Тоҷикистон, густариши ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ду кишвар, табодули таҷриба миёни омӯзгорони афғону тоҷик, такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардаанд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 50 бурсияи таҳсилӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистр ихтисос дода шуда, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварамон 468 нафар донишҷӯ аз ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон таҳсил менамоянд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо дар ин мулоқот ба роҳандозии курсҳои бозомӯзӣ ба омӯзгорони Афғонистон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.



Миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед