Ru  | Tj
Омӯзгорони забони русӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омӯзгорони забони русӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шуданд
Акс: Россотрудничество

Омӯзгорони забони русӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шуданд

Нашр шуд

Дар шаҳри Санкт-Петербург чор омӯзгори забони русӣ аз Тоҷикистон мукофот гирифтанд.

Намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ахиран дар қасри Таврия ба 20 нафар ғолибони озмуни VI байналмилалии «Забони русӣ дар ИДМ – уфуқҳои нав» мукофот тақдим шуд. Гуфта мешавад, ки дар даври ниҳоии ин озмун чаҳор омӯзгори забони русӣ аз Тоҷикистон низ шомил буданд.

Омӯзгорон дар доираи озмун дар дарсҳои маҳорат дар бахши таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Гертсен ва Анҷумани байналмилалии муаллимони забон ва адабиёти рус иштирок намуда, инчунин бо ҷойҳои ҷолиби пойтахти фарҳангии Русия шинос шуданд.

"Барои мо, ин як имкони ба даст овардани на танҳо донишҳои нав, балки инчунин санҷидани салоҳиятҳои худамон дар соҳаи омӯзгорӣ мебошад, ки дар тӯли солҳои фаъолияти омӯзгорӣ ташаккул ёфтааст", - гуфт Равшангул Юсупова, омӯзгори забони русӣ дар мактаби хонандагони болаёқат дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби созмони «Миссияи башардӯстонаи Русия» бо дастгирии созмони "Россотрудничество", Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус, Анҷумани омӯзгорони муассисаҳои таълимии русзабони Озарбойҷон ва ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Русия ташкил карда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед