Ru  | Tj
Омӯзиши рӯзноманигорони Душанбе дар Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омӯзиши рӯзноманигорони Душанбе дар Русия
Акс: "Россотрудничество"

Омӯзиши рӯзноманигорони Душанбе дар Русия

Нашр шуд

Гурӯҳе аз рӯзноманигорони Душанбе дар як мактаби расонаии Русия ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Тибқи иттилоъи намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Душанбе, рӯзҳои 23-26 апрел дар Қазон Мактаби байнулмилалии расонаӣ таҳти унвони “Рӯзноманигорӣ дар даврони диҷитолисозӣ: Эҳтиёт аз муҳтаво!” баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ин давраҳои омӯзишӣ 15 нафар рӯзноманигори ҷавон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон маҳорати худро такмил дода, табодули дониш мекунанд.

Дар ин дарсҳо мавзуъҳои мубрами рӯз, аз қабили мушкилоти рӯзмарраи рӯзноманигории муосир, фанновариҳои эҷод, таҷассум ва ҷо кардани муҳтаво ва вижагиҳои кори расонаҳои дузабона омӯзиш дода мешавад.

Дар ин давраҳои омӯзишӣ ба ҳайси коршинос омӯзгорони Мактаби олии рӯзноманагорӣ ва иртиботи расонаии Донишгоҳи федеролии Қазон ва ҳамчунин рӯзноманигорони кунунии расонаҳои Тотористон суханронӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз сӯйи созмони ҷамъиятии «Пажуҳишгоҳи Осиёи Марказӣ» бо ёрмандии Бунёди саҳмияҳои раисҷумҳури Русия ва созмони "Россотрудничество" пиёда мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед