Ru  | Tj
Ҷоми Аврупоро шогирдони Манчини ба Рим бурданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷоми Аврупоро шогирдони Манчини ба Рим бурданд
Акс: Чемпионат

Ҷоми Аврупоро шогирдони Манчини ба Рим бурданд

Нашр шуд

Мунтахаби футболи Италия тими Англияро дар бозии ниҳоии Қаҳрамонии Аврупо-2020 шикаст дод.

Ба гузориши Halva, дар бозии ниҳоии Қаҳрамонии Аврупо – 2020 тимҳои мунтахаби Англия ва Италия дар варзишгоҳи “Уэмбли” – и Лондон, дар ҳузури беш аз 67 ҳазор тамошобин ба майдон баромаданд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби як бар як мусовӣ ба анҷом расид ва дар 30 дақиқаи изофӣ низ дастае ба задани гол даст наёфт.

Аммо Италия дар задани зарбаҳои 11-метрӣ маҳорати баландтар нишон дод ва ба ҳисоби 3 бар 2 дастаи мизбонро шикаст дод ва ғолиби бозии ниҳоии қаҳрамонии Аврупо гардид.

Лозим ба зикр аст, ки ин дафъаи чаҳорум буд, ки тими миллии футболи Италия ба финали қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфт. Ин даста ду бор дар бозии ниҳоӣ шикаст хӯрда ва дар таърихи худ дувумин бор қаҳрамони футболи Аврупо шуд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс Баҳодур ва Шаббос барандаи медали биринҷӣ шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед