Ru  | Tj
Ҷоми Президенти Тоҷикистон ба Русияву Ӯзбекистон рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷоми Президенти Тоҷикистон ба Русияву Ӯзбекистон рафт
Акс: Sputnik

Ҷоми Президенти Тоҷикистон ба Русияву Ӯзбекистон рафт

Нашр шуд

Дар мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон варзишгарони рус дастболо шуданд.

Ба гузориши Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон дар Душанбе аз миёни писарон Амирҳамза Насриддинов ва аз миёни духтарон Виктория Милованова пирӯзӣ ба даст оварданд, ки ҳарду намояндагони Русия буданд.

Ҳамчунин дар сабқатҳои ҷуфтӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Русия ва Иссамҷон Шарифов аз Тоҷикистон мақоми нахустро касб карданд.

Манбаъ мегӯяд, дар сабқатҳои ҷуфтӣ миёни духтарон Мӯниса Ашурбекова ва Мафтунабону Қаҳрамонова – ду теннисбози ӯзбек ғолибият ба даст овардаанд.

Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 2-юми август дар Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президент ифтитоҳ гардида буд. Дар ин сабқат беш аз 60 варзишгар аз 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Исроил, Фаронса, ИМА, Англия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Туркманистон, Канада, Украина, Словения, Полша, Беларус ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2006 ҳамасола дар моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора 21-уми июли соли 2006 қарори махсуси Ҳукумати кишвар ба тасвиб расидааст.



Наврасони футболи Тоҷикистон дастаи Ӯзбекистонро шикаст доданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед