Ru  | Tj
Омодагии тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омодагии тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024
Акс: аз манбаъҳои боз

Омодагии тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024

Нашр шуд

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, оғоз намуд.

Дастаи футзали Тоҷикистон дар Гулистон ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта мешавад, ки он то 17 июл идома мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон баъди ҷамъомад барои ширкат дар мусобиқа бо ширкати тимҳои миллии Ӯзбекистон, Беларус ва Гватемала ба Бухоро сафар мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Қобили зикр аст, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал-2024 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) рақобат менамояд.

Гуфтанист, бар асоси натоиҷи қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024, шаш гурӯҳ, ҳар кадом иборат аз чаҳор даста ташкил мешавад.

Тимҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол мекунанд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Даҳумин қаҳрамонии ҷаҳонии футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Узбекистон - Тошканд, Андиҷон ва Бухоро баргузор мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки охири моҳи апрел тими миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё соҳиби мақоми чаҳорум шуд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои аввалин бор ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё дар таърих роҳ ёфта, инчунин барои аввалин бор дар таърих  роҳхати иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футзалро соҳиб шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед