Ru  | Tj
Омор: Дар Тоҷикистон боз 29 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омор: Дар Тоҷикистон боз 29 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд
Акс: Anadolu Agency

Омор: Дар Тоҷикистон боз 29 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд

Нашр шуд

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то шоми 8 –уми июл шумори сироятёфтагони коронавирус дар Тоҷикистон дар умум ба 13 ҳазору 719 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 29 нафар зиёд шудааст.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 461 нафар гуфта мешавад, ки он 98,2%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 24 нафар шифо ёфтаанд.

Шумораи фавтидагон бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ бетағйир - 97 нафар аз оғози пандемия то ҳол боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи худ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Беш аз 13 ҳазор сироятшуда аз Covid-19 дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед