Ru  | Tj
Қонунҳои Тоҷикистон бар зидди поймолкунандагони ҳуқуқи занон бо ҷиддият амал мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қонунҳои Тоҷикистон бар зидди поймолкунандагони ҳуқуқи занон бо ҷиддият амал мекунад
Акс: Интернет

Қонунҳои Тоҷикистон бар зидди поймолкунандагони ҳуқуқи занон бо ҷиддият амал мекунад

Нашр шуд

Тибқи хабари Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон Иззатулло Саидзода раиси ин ниҳод бо гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаҳои қочоқи инсон махсусан занон ва кӯдакон хонум Сиобхан Маллалли мулоқат кардааст.

  Дар ин дидор перомуни қонунгузории Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди қочоқи одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни ҳодиса, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳандозии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

Тоҷикистон ба гузоришгари вижаи СММ итминон додааст, ки дар қонунгузориҳои кишвар барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи башар, махсусан занону кӯдакон тадбирҳои лозим пешбинӣ шудааст.

Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон бори дигар таъкид кардаанд, ки қонунҳои амалишаванда дар Тоҷикистон ноқизини ҳуқуқи инсонро беҷазо намемонад. 

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи омор қочоқи инсон дар ин Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои минтақа камтар аст.





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед