Ru  | Tj
Ҷопон ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он 65 миллион доллар ҷудо мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷопон ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он 65 миллион доллар ҷудо мекунад
Акс: Интернет

Ҷопон ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он 65 миллион доллар ҷудо мекунад

Нашр шуд

Кӯмаки фавқулодаи Ҷопон ба Тоҷикистон 700 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои "Газета.уз", рӯзи 26-уми октябр Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он кӯмаки грантии фавқулода ба миқдори 65 миллион доллар расонад. 

Ба таъкиди манбаъ, кӯмаки молиявӣ ба Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва Тоҷикистон ба воситаи ҳафт созмони байналмилалӣ: Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP), Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), Барномаи Рушди СММ (UNDP), Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR), Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстона (OCHA) расонда мешавад.

Зикр мегардад, ки қисмати калони грант ба Афғонистон - $58 миллон, Покистон - $3,5 миллион, $Эрон - 2,6 миллион, Тоҷикистон - $700 ҳазор ва Ӯзбекистон-$200 ҳазор пешбинӣ гардидааст.

Рӯзи 25-уми октябр Вазорати мудофиаи Белоруссия ба Тоҷикистон ба миқдори 40 тонна кӯмаки башардӯстона овард.


Дар Афғонистон барои наҷоти дигар аъзоёни оила аз гуруснагӣ кӯдакони навзоди худро мефурӯшанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед