Ru  | Tj
Орден ва нишони Иттифоқи нависандагони Русия ба шоири тоҷик

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Орден ва нишони Иттифоқи нависандагони Русия ба шоири тоҷик
Акс: Интернет

Орден ва нишони Иттифоқи нависандагони Русия ба шоири тоҷик

Нашр шуд

Ато Мирхоҷа шоир, драматург, тарҷумон ва муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Русия барои тарҷумаи осори адибони рус бо ордени “Золотая осень”-и (“Тирамоҳи заррин”) ба номи Сергей Есенин ва Созмони ҷоизаи миллии адабии "Золотое перо" (“Қалами тиллоӣ”) бо нишони Ф.М, Достоевский қадр гардидааст.

Дар ин бора худи шоир Ато Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст. Ӯ аз ин қадрдонии Иттифоқи нависандагони Русия сипосгузорӣ намуда, гуфтааст: “Ман аз ҳамқаламони русам барои расиданашон ба қадри заҳматҳоям изҳори миннатдорӣ мекунам. Ин қадршиносӣ маро водор мекунад, ки ба кори тарғиби адабиёти бузурги рус боз ҳам ҷиддитар машғул шавам”.

Ато Мирхоҷа соли 1963 дар қишлоқи Вужи ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон дар оилаи фелдшер ба дунё омадааст. Нахустин силсилаи ашъори Ато Мирхоҷа дар китоби дастҷамъии «Боли парвоз» бо номи «Тасмаи мардон» ба чоп расидааст. Баъдан пайи ҳам маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Ишқ ва ашк» (2003), «Шакарганҷ» (2006) ва «Нафаси дувум» (2013) дастраси хонандагон шудаанд. Ато Мирхоҷа ҳамчунин, муаллифи китобҳои бачагонаи «Нахӯдак-булъаҷабак», «Нахӯдак ва Нисо» осори мансури «Naкhudak-fabulоus» (афсонаи муосир барои хурдсолон; 2006), «Naкhиdaк аnd Nisо» (афсонаи муосир барои бачагони синни калони мактабӣ; 2006), «Равшан қиссаен» (ба забони шуғнонӣ, 2010) буда, асарҳои саҳнавии ӯ – «Даъвати Носир» (1992), «Сайр дар гилем» (1995), «Давлати баргашта» (1999) дар озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ соҳиби ҷоиза гардидаанд. Мазҳакаи «Сайр дар гилем» дар маҷмӯаи асарҳои саҳнавии «Паёми Искандаркӯл» (2007) чоп шудааст. Намунаҳое аз ашъори Александр Блок, Иван Переверзин, Сергей Есенин (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метлитский (белорус), Сергей Сухоян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашидова (Доғистон)-ро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ гардондааст.


Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба дидори ятимони “Алтуфево”-и шаҳри Москва рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед