Ru  | Tj
Осорхонаи миллӣ соҳиби парчаме гардид, ки дар кайҳон буд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Осорхонаи миллӣ соҳиби парчаме гардид, ки дар кайҳон буд
Акс: Sputnik

Осорхонаи миллӣ соҳиби парчаме гардид, ки дар кайҳон буд

Нашр шуд

Парчами Тоҷикистон, ки дар кайҳон буд, ба Осорхонаи миллӣ супурда шуд. Дар ин бора «Sputnik Тоҷикистон» дар телеграм хабар медиҳад.

Соли 2004 кайҳоннаварди тоҷик Салимҷон Шарифов - Қаҳрамони Русия, Қирғизистон ва барандаи ҷоизаҳои олии Тоҷикистон ҳангоми парвозаш ба кайҳон ба ёди бобояш аз шаҳри Истаравшан парчами Тоҷикистонро бо худ бурд.

Ҳамакнун парчам ба яке аз барҷастатарин экспонатҳои осорхонаи асосии шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт.

«Ҳангоми парвоз ба мо иҷозат доданд, ки на бештар аз як кило бор бигирем ва ман тасмим гирифтам, ки ин парчамро гирам», - таъкид кард Шарифов.

Илова бар ин, кайҳоннавард дар ифтитоҳи нимпайкараи Юрий Гагарин дар мактаби русӣ-тоҷикии шаҳри Душанбе ширкат дошт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед