Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Оташбаси "беқайду шарт" дар Ғазза. ИМА боз ба қатъномаи Шӯрои амнияти СММ вето гузошт
Нашр шуд
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 20 ноябр бо истифода аз ҳуқуқи вето ба нафъи Исроил, ба тасвиби қатънома дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид монеъ шуд, ки "оташбаси фаврӣ, ғайримашрут ва доимӣ» дар Ғаззаро талаб мекард.
Дар тарҳи қатънома, ки аз ҷониби 14 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ шуда ва Амрико мухолифат кардааст, барқарории “оташбаси фаврӣ, бидуни шарт ва доимӣ” дар навори Ғазза талаб шудааст.
Дар нусхаи ниҳоии лоиҳаи қатънома, ки аз ҷониби 10 узви интихобшудаи Шӯрои Амният омода шуд, бояд "оташбаси фаврӣ, бидуни шарт ва доимӣ" аз ҷониби ҳамаи тарафҳо риоя мешуд ва инчунин "фавран озод кардани ҳамаи боздоштшудагон”-ро талаб мекард.
Бояд гуфт, ки ҷанг дар навори Ғазза пас аз ҳамлаи бесобиқа ва ғофилгиронаи Ҳамос ба ҷануби Исроил дар рӯзи 7 октябри соли 2023 оғоз шуд.
Бар асоси омори расмии Исроил, дар ҳамлаи Ҳамос ба Исроил 1206 нафар кушта шудаанд, ки аксари онҳо ғайринизомиён ҳастанд.
Дар ин ҳамла Ҳамос 251 нафарро рабуда ва гаравгон гирифт, ки аз ин миён 97 нафар ҳамчунон дар Ғазза ҳастанд. 34 нафар асирони исроилӣ бошад бар асари ҳамлаҳои артиши Исроил кушта шудаанд.
Аз сӯи дигар Вазорати тандурустии Ғазза дар охирин омори худ эълом кард, ки таҷовузи низомии артиши Исроил ба Ғазза, мунҷар ба кушта шудани дастикам 43 985 нафар шуд. Инчунин аз захмӣ шудани беш аз 104 ҳазор нафари дигар, ки асосан онҳо ғайринизомиён, занон ва кӯдакон мебошанд, гузориш шудааст.
Дар баробари ин, ба далели идомаи ҷанги харобиовар, бештари сокинони Ғазза, ки 2 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, дар миёни як фоҷеаи инсонӣ овора ва гирифтор шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед