Ru  | Tj
Озмуни “Илм фуруғи маърифат” озмуни илму инноватсия мебошад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Озмуни “Илм фуруғи маърифат” озмуни илму инноватсия мебошад
Расм аз манбаъхои озод

Озмуни “Илм фуруғи маърифат” озмуни илму инноватсия мебошад

Нашр шуд

Озмуне, ки тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон гузоронида мешавад миёни ҷавонону наврасон “Фуруғи субҳи доноӣ” ба шердониву хондани асарҳои адибони ватанӣ ва хориҷӣ ва забонҳои хориҷӣ бахшида шудааст. Ва ҳар сол бо тантана аз тамоми гушаҳои кишвар хонандагону донишҷӯёни болаёқат ҷамъ омада дар сабқат иштирок мекунанд ва бо мукофотпулиҳои калон сарфарозонида мешаванд. Шоҳҷоиза низ сол аз сол меафзояд ва имсол 60 000 сомониро ташкил дод.

Баъд аз чунин ба даст овардани чунин натиҷаи бой ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи Худ оиди озмуни дигар бо номи “Илм фурӯғи маърифат”*-ро пешниҳод карданд. Ин озмун бештар ҷавонони болаёқатро дар соҳаи техникаю технология, илму инноватсия ҷалб хоҳад кард. Ва дар ин масъала, Абдухалил Ғафурзода, ректори Аккадемияи идоракунии давлатии назди Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мусоҳибаи худ бо АМИТ Ховар иброз дошт. 

Ректор мегуяд, ки “Эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи олимонро афзун намоем ва иштироки бештари донишҷӯёну омӯзгоронро дар озмуни мазкур таъмин намоем. Ба рушди илму инноватсия аҳамияти махсус дода, бо истифода аз имконият барои донишомӯзиву рушди илм дар Академия шароити муосир фароҳам оварем”.

Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки Бозиҳои байналмилалии Делфиро соли 2021 баргузор кунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед