Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷудо миëни ҷавонон шуд
Нашр шуд
Нуралӣ Эмомалӣ, паҳлавони ҷавони тоҷик дар Эквадор қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон гардид.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Нуралӣ Эмомалӣ дар рӯзи аввали Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуаякили Эквадор оғоз гардид, сазовори нишони тило шуд.
Манбаъ меафзояд, дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ паҳлавони тоҷик намояндаи Ӯзбекистон Азизбек Ортиқовро, ки қаҳрамони феълии Осиё миёни ҷавонон мебошад, шикаст дод.
Аммо Нуралӣ то расидан ба финал дар даври аввал намояндаи Италия Валерио Аккоглӣ, дар даври дуюм варзишгари Фаронса Максиме Моунданга, дар чорякниҳоӣ Муҳаммад Демирел аз Туркия ва дар нимниҳоӣ Раду Извориану аз Молдоваро мағлуб намуд.
Бояд гуфт, ки ин дувумин медали тиллои варзишгарони ҷавони тоҷик дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.
Аввалин нишони тилоро қаблан паҳлавони маъруф Сомон Маҳмадбеков соҳиб шуда буд.
Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон 373 варзишгар аз 63 кишвар иштирок доранд. Шаш варзишгар дар ин сабқати ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед