Ru  | Tj
Паҳлавонони тоҷик Ахмедов ва Евлоев барои медоли биринҷии Қаҳрамонии Осиё талош мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Паҳлавонони тоҷик Ахмедов ва Евлоев барои медоли биринҷии Қаҳрамонии Осиё талош мекунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Паҳлавонони тоҷик Ахмедов ва Евлоев барои медоли биринҷии Қаҳрамонии Осиё талош мекунанд

Нашр шуд

Имрӯз дар шаҳри Бишкек Қаҳрамонии куштии Осиё оғоз гардид, ки то 16-уми апрел идома меёбад. Дар ин бора "Варзиш ТВ" хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин мусобиқа 366 варзишгар дар 30 вазн – 10 вазн куштии тарзи озод, 10 вазн куштии юнонӣ-римӣ ва 10 вазн куштии занон зӯрозмоӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки куштигирони тоҷик  Мустафо Ахмедов (-70 кг) ва Магомет Евлоев (-79 кг) дар рӯзи аввал натиҷаҳои хуб нишон дода, шоми имрӯз барои медоли биринҷӣ муборизаро идома медиҳанд.

Паҳлавони тоҷик Мустафо Ахмедов дар вазни то 70 кг дар даври аввали Қаҳрамонии Осиё озод буда, аз даври чаҳорякниҳоӣ рақобатро оғоз кард.

Мустафо дар ин марҳила тавонист, ки бидини мушкил бар намояндаи Қазоқистон Меиржан Аширов бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёбад. Дар даври нимниҳоӣ Мустафо бо Амирмуҳаммад Бобак аз Эрон куштӣ гирифта, бо ҳисоби 6:3 мағлуб шуд. Мустафо шоми имрӯз барои медоли биринҷӣ талош мекунад. Ҳарифаш Алибек Усмонови қирғиз мебошад.

Куштигири дигари тоҷик Магомет Евлоев (-79 кг) дар даври аввали Қаҳрамонии куштии тарзи озоди Осиё Адилет Маратбаеви қирғизро бо ҳисоби 6:5 шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ куштигири чинӣ Нан Каоро бо ҳисоби 5:3 мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ Евлоев бо Муҳаммад Ашғар аз Эрон куштӣ гирифта, ноком шуд. Евлоев шоми имрӯз барои медали биринҷӣ бо Хидир Сайфиддинов аз Баҳрайн вориди рақобат мешавад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки аз 11-ум то 16-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Қаҳрамонии куштии тарзи озод ва юнониву румии Осиё баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар Айаал Белолюбский (-57 кг), Ҷамшед Шарифов (-61 кг), Камол Бегков (-65 кг), Мустафо Ахмедов (-70 кг), Виктор Рассадин (-74 кг), Магомет Евлоев (-79 кг) дар куштии тарзи озод; Ватансултон Шакаршоева (-53 кг) – куштии занон, Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг), Эдуард Бабоношев (-130 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввал Айаал Белолюбский (-57 кг), Камол Бегков (-65 кг), Мустафо Ахмедов (-70 кг) ва Магомет Евлоев (-79 кг) куштӣ гирифтанд. Айаал Белолюбский (-57 кг) дар даври аввал аз намояндаи Куреи Шимолӣ Кум Ким (2:4) ва Камол Бегаков (-65 кг) аз Роҳит Роҳити ҳиндустонӣ (0:11) мағлуб шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед