Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Панҷ корхонаи ватанӣ маҳсулоти худро дар «Central Asian Fashion» ба маъраз гузоштанд
Нашр шуд
Корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бори нахуст маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion» ба намоиш гузоштанд.
Ба гузориши хабаргузории расмии "Ховар", дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion», ки имрӯз дар шаҳри Алмато оғоз гардид, панҷ корхонаи Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маъраз гузоштаанд.
Дар ин намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти панҷ корхонаи дӯзандагии ватанӣ- «Гулистони Душанбе», «ТоҷТекс», «Ортекс», «Раҳимов А.А.» ва «Ноҳид» оро додаанд.
Манбаъ афзудааст, корхонаҳои Тоҷикистон ба Алмато асосан либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, трикотаж, таҳпӯш, либосҳои варзишӣ ва кориро ба намоиш бурдаанд.
Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки 30-юмин Намоишгоҳи байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion» то 12-уми август идома ёфта, ҳайати Тоҷикистон дар доираи он ҳамчунин бо роҳбарони шикартҳои хориҷӣ ҷиҳати барқарор кардани равобити мустақими тиҷоратӣ дидору мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Лозим ба зикр аст, ки "Central Asia Fashion" аз куҳантарин намоишгоҳҳои мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, дар як сол ду маротиба баргузор мегардад ва чун пойгоҳи муҳимме барои барқарор намудани тамосҳои тиҷоратӣ ва имкони хубе ҷиҳати тарғибу муаррифии маҳсулоти нассоҷӣ дониста мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед