Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Панҷ шабонарӯз ҳабс». Боздошти ҷавоне, ки ҳамсари собиқашро латукӯб карда буд
Нашр шуд
Наимҷон Дадабоев (номи ҳозирааш Юсуф Ҳамдамзода), ки ахиран дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳамсари собиқашро латукӯб ва иҷборан ба автомашина савор мекарду дар ҷустуҷӯи милитсия қарор дошт, ахиран аз сӯйи кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт ва 5 шабонарӯз ҳабс шудааст.
Милитсияи пойтахт хабар медиҳад, ки номбурда дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 24-уми марти соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, зимни пурсиш боздоштшуда кирдорҳои авбошонаи содир намудаи худро пурра тасдиқ намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ намудааст.
«Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҳамдамзода Юсуф тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд», - омадааст дар иттилоияи милитсияи пойтахт.
Қобили зикр аст, ки навори латукӯб ва иҷборан ба автомошин савор кардани зан рӯзи 22-юми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ оммавӣ гардид, ки хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Милитсияи Душанбе ба ин навор вокуниш карда, хабар дода буд, ки ҳодисаи мазкурро таҳқиқ карда, шахсияти гумонбаршавандаро маълум кардааст.
«Дадабоев Наимҷон бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва таҷлили ҷашни Наврӯз зимни сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон номбурдаро зери лату кӯб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст», - гуфта буд милитсияи Душанбе.
Гуфтанист, муноқиша ва латукӯби ҳамсар дар хиёбонҳои пойтахт зуҳуроти нав набуда, борҳо вокуниши тунди сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай доштааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед