Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистонро дар Қуния Раҳмонҷону Муниса мебардоранд
Нашр шуд
Варзишгарони ҷавон Раҳмонҷон Маҳмадбеков ва Муниса Ойматова парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ интихоб шуданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Қунияи Туркия маросими ифтитоҳи панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мешавад ва дар он Раҳмонҷон Маҳмадбеков ва Муниса Ойматова парчамбадорони ҳайати Тоҷикистон хоҳанд буд.
Манбаъ меафзояд, барои ширкат дар ин сабқати байналмилалӣ 48 варзишгари тоҷик ба Қуния рафтаанд ва аз рӯи ҳашт риштаи варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквандо, варзиши вазнин ва куштии варзишӣ қувва меозмоянд.
Бояд гуфт, ки дар панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия беш аз чаҳор ҳазор варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд ва аз рӯи 20 намуди варзиш байни ҳам сабқат мекунанд. Ин мусобиқа то 18-уми август идома меёбад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед