Ru  | Tj
Пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Акс: minfin.com.ua

Пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Нашр шуд

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри матлабе хабар додааст, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 26,3 млн адад амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 6,08 млрд сомонӣ анҷом шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯи миқдор 41,9% фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёт 2,2 маротиба зиёд аст.

Ба иттилои ин манбаъ, барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдою хидматрасонӣ дар саросари Тоҷикистон 3 ҳазору 933 адад POS-терминал ва 16 ҳазору 861 адад QR–рамз насб карда шуданд, ки нисбати соли гузашта мутаносибан 29,6 фоиз ва 61,2 фоиз зиёд мебошанд.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки шумораи кортҳои бонкӣ дар ин муддат 4 821,2 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли пеш 50,1 фоиз бештар аст.

Дар баробари ин шумораи ҳамёнҳои электронӣ низ дар низоми бонкдории Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ дар ин кишвар ба 6,14 млн адад баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба санаи моҳи октябри соли 2021 ба 3 млн 80 ҳзаор адад ва ё 2 маротиба зиёд мебошад.

Аммо дар баробар ин гуфта мешавад, ки барои қонеъ кардани талаботи мардум бо пули нақд дар Тоҷикистон 1 ҳазору 602 адад банкомат ва 2 ҳазору 74 адад терминали электронӣ фаъол аст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 21,1 фоиз ва 13,8 фоиз бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори расмии БМТ, дар ҳоли ҳозир саҳми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамагӣ каме бештар аз 10 фоизро ташкил медиҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед