Ru  | Tj
Парлумон тасдиқ кард. Қазоқистон ба Тоҷикистон ройгон техникаҳои низомӣ медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парлумон тасдиқ кард. Қазоқистон ба Тоҷикистон ройгон техникаҳои низомӣ медиҳад
Акс: ASIA-plus

Парлумон тасдиқ кард. Қазоқистон ба Тоҷикистон ройгон техникаҳои низомӣ медиҳад

Нашр шуд

Дар Парлумони Қазоқистон масъалаи ба Тоҷикистон тақдим намудани техникаҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Агентии “Казинформ” хабар додааст, ки 10-уми ноябр вакилони Маҷлиси Парлумони Қазоқистон аз лоиҳаи қонун дар бораи расонидани кӯмакҳои низомию техникӣ ба Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд. 

Манбаъ мегӯяд, Руслан Шпекбоев, муовини Вазири дифои Қазоқистон лоиҳаи ин қонунро дар Парлумон муаррифӣ карда, таъкид доштааст, ки Созишнома миёни Ҳукумати Қазоқистон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмакҳои ройгони техникӣ-низомӣ 17-уми апрел дар Нур-Султон таҳия гардида буд. 

Гуфта мешавад, қабули ин созишнома ба ҳадафи тақвияти амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба таҳкими иқтидори нерӯҳои низомии Тоҷикистон сурат мегирад. 

Манбаъ меафзояд, тибқи хулосаи Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти Қазоқистон ин кишвар кӯмаки бебозгашти низомиро дар шакли техникаҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон тақдим менамояд ва техникаҳоро тавассути роҳи оҳан то шаҳри Душанбе мерасонад. 

Ин дар ҳолест, ки қаблан вакилони Маҷлиси Парлумони Қазоқистон лоиҳаи ҳамин гуна як қонун ҷиҳати расонидани кӯмакҳои низомӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистонро низ ҷонибдорӣ карда буданд. 

Чанд сол аст, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои сарҳадӣ баҳсбарангез боқӣ мондааст. 


Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед