Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Парлумони Қирғизистон тарҳи нави қонуни забони давлатиро тасвиб кард
Нашр шуд
Бар асоси тарҳи нави қонуни забони давлатӣ, кормандони давлати Қирғизстон муваззаф мешаванд, ки забони қирғизиро донанд.
Парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) лоиҳаи қонуни конститутсионии забони давлатиро қабул кард, ки тибқи он ҳама кормандони давлат дар ин кишвар бояд забони қирғизиро донанд. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони Қирғизистон хабар медиҳад.
Дар лоиҳаи ин қонун аз ҷумла зикр мешавад, ки дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ҳангоми бастани қарордодҳои байналмилалӣ, дар санадҳои меъёрӣ, коргузорӣ, маориф, илм, расонаҳо, ҷойномҳо ва дар фаъолияти идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ истифодаи забони қирғизӣ ҳатмӣ аст.
Илова бар ин лоиҳаи қонун рӯйхати шахсонеро, ки бояд забони давлатиро дар сатҳи миёна донанд ва онро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ истифода баранд, муайян мекунад. Аз ҷумла, ба ин феҳрист кормандони давлат, вакилони мардумӣ, низомиён, додрасҳо, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои таълимии ҳамаи шаклҳои моликият, муассисаҳои тандурустии давлатӣ, омӯзгорону олимон ва ғайра шомил ҳастанд.
Тибқи лоиҳаи қонуни қабулкардаи вакилони парлумони Қирғизистон, инчунин ширкатҳои телевизиюн ва родио бояд бештар аз нисфи муҳтавои худро ба забони қирғизӣ пур кунанд.
Ҳамзамон муқаррар шудааст, ки дар бахши қирғизии вебгоҳҳо набояд маълумот нисбат ба дигар забонҳо камтар бошад.
Гуфтанист, тибқи Қонуни асосии Қирғизистон, забони қирғизӣ дар ин кишвар мақоми забони давлатиро дошта, забони русӣ бошад мақоми расмӣ дорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед