Ru  | Tj
Парлумони Иттиҳоди Аврупо: Фаромӯш кардани Афғонистон як амали “нажодпарастона” аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парлумони Иттиҳоди Аврупо: Фаромӯш кардани Афғонистон як амали “нажодпарастона” аст
Акс: Интернет

Парлумони Иттиҳоди Аврупо: Фаромӯш кардани Афғонистон як амали “нажодпарастона” аст

Нашр шуд

Клэр Дейли, вакили ирландии Парлумони Аврупо, фаромӯш кардани бӯҳрони Афғонистонро як амали "нажодпарастӣ" номид.

Вай аз фаромӯш шудани бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва адами истинод ба он дар порлумони Аврупо интиқод кард.

Вакили Парлумони Аврупо афзуд, вазъи мардуми ин кишвар бадтар шудааст, аммо дар ин бора чизе гуфта намешавад.

Ба гуфтаи вай, даҳҳо ҳазор шаҳрванди Афғонистон маҷбур шудаанд, ки дар ҷустуҷӯи ғизо ва амният аз кишварашон фирор кунанд ва 5 миллион кӯдак бо гуруснагӣ ва "марги дардовар" рӯбарӯ ҳастанд.

Вай бо ишора ба издивоҷи ноболиғ ва афзоиши фурӯши кӯдакон ба хотири наҷоти ҷони аъзои дигари хонавода чунин гуфтааст: "Аммо дар ин ҷо ва дар ҷои дигар дар ин бора сухане нест, чун бӯҳрони Украина пайдо шуд ва байни украиниҳо ва афғонҳо фарқ гузоштанд”.

Ба гуфтаи ӯ аврупоиҳо набояд байни инсонҳои ғамзада фарқ гузоранд, ки якеро бо оғӯши боз бипазиранд ва дигареро фаромӯш кунанд.

"Ҳеҷ барномаи телевизионӣ дар бораи вазъ дар Афғонистон, вокуниши фаврии башардӯстона ва нишастҳои махсус вуҷуд надорад"- гуфтааст Дейли. Вай таъкид кардааст, ки ҳатто дар нишасти Парлумони Аврупо ба Афғонистон ишорае нашудааст ва дар ин бора изҳороте ҳам пахш нагардидааст. 

Ӯ мегӯяд, дар бӯҳрони кунунии Афғонистон Аврупо ва Амрико низ нақш доранд ва бояд масъулият бигиранд.


СММ: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя ба Толибон бовар надоранд”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед