Ru  | Tj
Парлумони нави Қазоқистон: Ҳизби ҳокими «Аманат» соҳиби 62 курсӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парлумони нави Қазоқистон: Ҳизби ҳокими «Аманат» соҳиби 62 курсӣ шуд
Акс: centralasia.media

Парлумони нави Қазоқистон: Ҳизби ҳокими «Аманат» соҳиби 62 курсӣ шуд

Нашр шуд

Коргурӯҳи марказии интихоботи Қазоқистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар рӯзи 19-уми мартро эълон кард. Тибқи натиҷаҳои эълоншуда, аз ҳафт ҳизби сиёсӣ шаш ҳизб аз монеаи 5-дарсадӣ гузашта, вориди Маҷлис – палатаи поёнии порлумони Қазоқистон шуданд.

Нурлан Абдиров, раиси Коргурӯҳи марказии интихоботи Қазоқистон рӯзи 27-уми март дар нишасти матбуотӣ дар ин замина гуфт, ки ҳизби ҳокими «Аманат» 53,9 дарсади овозҳоро ба даст оварда, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар Маҷлиси парлумон 40 курсии онро соҳиб шуд.

Дар баробари ин тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии Қазоқистон ҳизби «Аул» бо 10,9% соҳиби 8 курсӣ, «Республика» (8,59%) – 6 курсӣ, «Ак Жол» (8,41%) – 6 курсӣ, Ҳизби халқии Қазоқистон (6,8%) – 5 ҷой ва Ҳизби сотсиал-демократӣ бо касби 5,2%-и овозҳо 4 курсиро дар Маҷлис ба даст оварданд.

Дар ҳамин ҳол Нурлан Абдиров зикр кард, ки тибқи қонун ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар давоми 10 рӯз анҷумани худро баргузор намуда, вакилони Маҷлисро аз рӯйхати ҳизбӣ мушаххас кунанд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки номзадҳои ҳизби ҳокими «Аманат» аз 29 ҳавза дар 22 ҳавзаи инфиродӣ интихоботӣ низ пирӯз шуданд. Маҷлиси парлумони Қазоқистон 98 курсӣ дорад ва тибқи натиҷаҳои интихобот 62 курсии онро намояндагони ҳизби «Аманат» соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми март дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати вакилони Маҷлис (палатаи поёнии парулмон) ва Маслихатҳо (мақомоти намояндагии маҳаллӣ) баргузор шуд.

Бар асоси қонунҳои Қазоқистон 70 дарсади вакилони палатаи поёнии парлумони ин кишвар аз рӯйи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 30 дарсад аз ҳавзаҳои инфиродӣ интихоб мешаванд.

Тибқи иттилои Маркази Коргурӯҳи марказии интихоботи Қазоқистон дар интихоботи парлумонии рӯзи 19-уми март 54,19 дарсади интихобкунандагон, яъне 6,5 миллион нафар (аз 12 миллион нафар) овоз доданд.

Бояд гуфт, ки ин пасттарин нишондод аз иштироки мардум дар интихоботҳои даҳ соли охир дар Қазоқистон аст. Гуфта мешавад, ки дар интихоботи охир, яъне соли 2021 иштироки интихобкунандагон 63,3 дарсад ва дар интихоботи соли 2016 77 дарсад буд. Дар ҳамин ҳол тибқи фармони раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев нахустин ҷаласаи порлумони даъвати VIII рӯзи 29-уми март баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед