Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Парлумони Узбекистон созишномаи равобити ҳампаймонӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Нашр шуд
Санади мазкур рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ дар Душанбе дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба имзо расид.
Палатаи қонунгузории парлумони Узбекистон дар ҷаласаи рӯзи 26 ноябр созишномаи равобити ҳампаймонӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони Узбекистон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, санади мазкур барои истифодаи иқтидори пурраи шарикии стратегии Тоҷикистон мутобиқи «манфиатҳои миллии ҳаётан муҳим ва дарозмуддати ду давлати бародар» пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки айни замон заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон аз беш аз 180 санад иборат аст. Аз ҷумла, миёни ду кишвар созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва созишнома дар бораи дӯстии абадӣ, ҳамчунин эъломия дар бораи таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ имзо шудааст.
Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 баъди ба қудрат расидан дар Узбекистон, эҳёи равобит бо ҳамсоягон дар минтақаро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дод.
Палатаи қонунгузории парлумони Узбекистон дар ҷаласаи рӯзи 26 ноябр созишномаи равобити ҳампаймонӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони Узбекистон хабар дод.
«Парламент лоиҳаи қонун «Дар бораи тасвиби Созишномаи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Узбекистон ва Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва қабул кард», - омадааст дар хабар.Дилором Файзиева, вакили парлумони Узбекистон гуфт, ки ҳадафи аслии ин созишнома “таҳкими заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини истиқлол, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва рушди устувори иқтисодии ҳарду кишвар” мебошад.
Ба гуфтаи вай, санади мазкур барои истифодаи иқтидори пурраи шарикии стратегии Тоҷикистон мутобиқи «манфиатҳои миллии ҳаётан муҳим ва дарозмуддати ду давлати бародар» пешбинӣ шудааст.
«Муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Узбекистон ва Тоҷикистон равобити дуҷонибаро ба сатҳи нав бароварда, заминаи созанда барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Якҷоя кардани зарфиятҳои ду кишвар дар арсаи сиёсат, тиҷорат, иқтисод ва амният ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва суръат бахшидан ба равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард”, - афзуд Файзиева.Хотиррасон мекунем, ки ин созишнома рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки айни замон заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон аз беш аз 180 санад иборат аст. Аз ҷумла, миёни ду кишвар созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва созишнома дар бораи дӯстии абадӣ, ҳамчунин эъломия дар бораи таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ имзо шудааст.
Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 баъди ба қудрат расидан дар Узбекистон, эҳёи равобит бо ҳамсоягон дар минтақаро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дод.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед