Ru  | Tj
Парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев бекор карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев бекор карда шуд
Акс: Интернет

Парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев бекор карда шуд

Нашр шуд

Сарфи назар аз қатъ гардидани парвандаҳои ҷиноӣ ва фароҳам омадани имкони бозгашт ба ватан, Акаев қасд дорад, ки зиндагиро дар шаҳри Маскав идома диҳад.

Ба иттилои агентии иттилоотии "ТАСС", собиқ президенти Қирғизистон дирӯз аз шаҳри Бишкек ба шаҳри Маскав баргаштааст.

Ба таъкиди манбаъ, Акаев ба Қирғизистон ба хотири шаҳодат додан дар парвандаи кони тиллои “Қумтор” хонда шудааст.

Акаев пас аз баргашт ба Русия дар сӯҳбат бо хабарнигорони "ТАСС" изҳор доштааст, ки ҳамаи парвандаҳои ҷиноӣ, ки соли 2005 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ алайҳи ӯ боз шуда буданд, бекор гардидаанд.

Ӯ ҳамчунин арз доштааст, ки нияти баргаштан ба Қирғизистонро надорад.

Зикр мегардад, ки собиқ раисҷумҳури Қирғизистон айни ҳол дар Русия дар Донишгоҳи давлатии Маскав, дар факултети механика-математика фаъолият менамояд. 

Аскар Акаев соли 1990 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон эълон гардида буд. Моҳи марти соли 2005 дар пайи табаддулоти давлатӣ аз мақомаш барканор гардид ва ба далели амниятӣ маҷбур шуда буд, ки бо аҳли хонаводааш аз Қирғизистон хориҷ шавад. 


Тафоҳумномаи табодули ҷинояткорон байни Тоҷикистон ва Маҷористон тасдиқ шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед