Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Парвандаи муттаҳамони қатли муовини “Ориёнбонк” ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шуд
Нашр шуд
Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи 14 нафар гумонбари қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба хабаргузории “Asia-Plus” иттилоъ дод.
Ба навиштаи ин расона, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дилшод Саидмуродов ва 13 каси дигар аз муттаҳамони рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” рӯзи 18-уми ноябр барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Ҳамин тавр Додситонии кулли Тоҷикистон таъйид мекунад, ки Дилшод Саидмуродов бо лақаби “Дилшоди “Красавчик” ё Дилшоди “СБ”, ки аз вай ба унвони роҳбари гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятӣ ном мебаранд, боздошт ва аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба сирри тафтишот аз пешниҳоди иттилоъоти бештар дар мавриди ин парвандаи ҷиноӣ ва иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ин афроди боздоштшуда худдорӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки қаблан як видёи бозпурсии Дилшод Саидмуродов ва аксҳои вай бо завлона дар дастҳояш дар шабакаҳои иҷтимоъӣ интишор шуда буд.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятӣ рӯзи 23-юми июни соли равон Шуҳрат Исматуллоев, муовини раҳбари “Ориёнбонк”-ро дар Душанбе рабуда, баъдан дар яке аз деҳоти атрофи пойтахт таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд. Сипас қотилон ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба рӯди Зарафшон партофтаанд, ки бо гузашти чор моҳ ҷасадаш пайдо шуд.
Мақомоти тафтишотӣ иттилоъ дода буданд, ки баъди содир кардани ҷиноят Дилшод Саидмуродов ва яке аз шарикони вай Акбар Аҳмадов ба Русия фирор кардаанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед