Ru  | Tj
Парвозҳо аз Тоҷикистон бо Қазоқистону Афғонистон барқарор шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвозҳо аз Тоҷикистон бо Қазоқистону Афғонистон барқарор шуданд
Акс: fotokto.ru

Парвозҳо аз Тоҷикистон бо Қазоқистону Афғонистон барқарор шуданд

Нашр шуд

Раиси Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод, ки парвозҳои мунтаззам бо Қазоқистону Афғонистон барқарор шуданд, гуфт дар мусоҳиба бо Азия-плюс.

Ба ин қарор баъд аз беҳтар шудани вазъ ва пурра шифо ёфтани ҳамаи беморони Covid-19 ситоди  ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус парвозҳои мунтазам барқарор гаштанд.

Ширкатҳои “Сомон Эйр”, “Эйр Астана” ва “Кам Эйр” анҷом ёбии ҳамаи парвозҳоро бар души худ мегиранд ва дар як ҳафта як парвоз анҷом хоҳанд дод. Дар ҳолати зиёд шудани талабот ба парвозҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Пеш аз парвоз, шаҳрвандон бояд маълумотномаи тибби оид ба надоштани коронавирус дошта бошанд ва  дар ҳолати доштани таб, доштани аломатҳои коронавирус имконияти парвозро аз даст хоҳанд дод.

Имрузҳо аз Тоҷикистон ба кишварҳои Туркия, АМА  ва Узбекистон парвоз анҷом додан мукин аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед