Ru  | Tj
Парвозҳо аз Томск ба Тоҷикистон тариқи ҳавопаймои S7 оғоз мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвозҳо аз Томск ба Тоҷикистон тариқи ҳавопаймои S7 оғоз мешаванд
Акс: Интернет

Парвозҳо аз Томск ба Тоҷикистон тариқи ҳавопаймои S7 оғоз мешаванд

Нашр шуд

Интизор меравад, ки ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines аз 6-уми ноябр ба чор шаҳри Тоҷикистон парвозҳоро оғоз мекунад.

Ба иттилои "Интерфакс", ширкати S7 Airlines ҷадвали зимистонаи хатсайрҳояшро тартиб дода, дар он парвозҳои доимиро аз фурудгоҳи “Богашево” (ш.Томск) ба як қатор шаҳрҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифтааст.

Парвозҳои ширкати мазкур тахминан аз 6-уми ноябр ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб оғоз шуда, ба ҳар кадоме аз ин самтҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.

Дар самтҳои мазкур парвозҳо дар муддати 5 моҳ (то охири моҳи марти соли 2022) амалӣ мегарданд.

Хатсайри Томск-Ош (Қирғизистон) аз ҷониби ширкати S7 Airlines низ чун ҷадвали Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Парвозҳои доимӣ аз Томск ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз солҳои 90-ум барҳам дода шудаанд. Ба истиснои як парвози ширкати ҳавопаймоии Ural Airlines дар моҳи феврали соли 2015 ба Ош аст, ки парвози мазкур муқаррарӣ эълон гардида буд. Чун талабот ба хатсайри мазкур кам буд, он ҳам пас аз ягона парвоз бекор карда шуд.




Русия муҳоҷирони тоҷикро бо пардохти хароҷот ва музди меҳнати баланд ба кор даъват мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед