Ru  | Tj
Парвозҳо ба Ӯзбекистон - ҳафтае як маротиба

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвозҳо ба Ӯзбекистон - ҳафтае як маротиба
Расм аз Somonair.com

Парвозҳо ба Ӯзбекистон - ҳафтае як маротиба

Нашр шуд

Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд, хабар дод Вазорати нақлиёти ин кишвар.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 28 октябр сурат хоҳад гирифт.

Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе ва рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон анҷом дода мешаванд.

Гуфта мешавад, ки қаблан Тоҷикистон аз 1 июл барқарор кардани парвозҳо бо бархе шаҳрҳои Ӯзбекистонро барномарезӣ карда буд, аммо ба далели вазъи ноустувори эпидемиологӣ, ин тасмим боздошта шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед