Ru  | Tj
Парвозҳо миёни Алма-Ато ва Душанбе барқарор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвозҳо миёни Алма-Ато ва Душанбе барқарор мегардад
Акс: Sputnik

Парвозҳо миёни Алма-Ато ва Душанбе барқарор мегардад

Нашр шуд

Маркази матбуоти ширкати «Сомон Эйр» хабар додааст, ки бо ба эътидол даромадани вазъ дар Қазоқистон парвозҳоро ба Алма-Ато барқарор мекунанд.

Бар асоси хабари манбаъ, рӯзҳои наздик парвозҳо дар самти Душанбе-Алма-Ато ва Алма-Ато-Душанбе дубора ба ҳолати оддӣ бармегарадад.

Гуфта мешавад, ки парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Алма-Ато ва бозгашт ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе сурат хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ, парвози навбатӣ ба Алма-Ато 19-уми январ дар назар аст.

Бо оғози эътирозҳо дар Қазоқистон ҳолати буҳронӣ эълон шуда буд, вале бо вуруди нерӯҳои сулҳбони СААД авзоъ дубора ба ҳолати оддӣ баргашт ва ҳамакнун парвозҳои байналмилалии ин кишвар аз нав барқарор карда мешавад.


Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба саволҳо оид ба ифтитоҳи парвозҳо посух дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед