Ru  | Tj
Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешаванд
Акс: Sputnik

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешаванд

Нашр шуд

Дар назар аст, ки шурӯъ аз 8-уми сентябр парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Москва доиман анҷом дода мешаванд.

Бинобар иттилои Сафорати Русия дар Тоҷикистон, 27-уми август ширкатҳои ҳавопаймоии ин ду кишвар ҷадвали ҷадиди реҷаи парвозҳои мунтазамро тартиб доданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Utair» 31-уми август, 2,4,5 ва шурӯъ аз 7-уми сентябр ҳар рӯз як парвоз аз Маскав (фурӯдгоҳи Внуково) ба Душанбе анҷом медиҳад. Ба ҳамин минвол, рӯзҳои 1,3,5,6 ва оғоз аз 8-уми сентябр ҳавопаймои мазкур ҳар рӯз аз Душанбе ба Маскав (фурӯдгоҳи Внуково) парвоз хоҳад кард.

Инчунин, тибқи нақша ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 27-уми август парвозҳои ҳаррӯзаро дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе амалӣ менамояд. Ҷадвали парвоз дар минтақаҳои Русия муайян карда мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" нақша дорад, ки ҳар ҳафта парвози мунтазамро ба 38 самт, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Екатеринбург, Жуковский, Казан, Калугу, Краснодар, Красноярск, Липецк, Минералние води, Налчик, Нижнекамск, Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростов-на-Дону, Самара, Уфа, Челябинск анҷом диҳад. (Ҷадвали пешакӣ)

Зимнан, ширкати ҳавопаймоии S7 (Сибирь) тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта ба 23 самт аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Москва, Астрахан, Барнаул, Владивосток, Волгоград, Воронеж, Иркутск, Кемерово, Краснодар, Нижний Новгород, Омск, Оренбург, Саратов, Тюмен, Челябинск парвоз кунад. (Ҷадвали пешакӣ,)

Манбаъ ёдовар мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия парвоз мекунанд, дар телефонашон бояд барномаи "Путешествую без COVID-19" дошта бошанд, зеро аз он мубтало будан ба бемории сироятии коронавирус маълум карда мешавад.

Тоҷикистон бо Истанбул парвозҳои мунтазамро оғоз намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед