Ru  | Tj
Парвозҳои мустақими Душанбе – Исломобод аз сар гирифта мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвозҳои мустақими Душанбе – Исломобод аз сар гирифта мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Парвозҳои мустақими Душанбе – Исломобод аз сар гирифта мешаванд

Нашр шуд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон аз рӯзи 27 июн парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Исломободро, ки то соли 2022 анҷом мешуд, аз сар мегирад.

Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар дод.

Дар ин хабар зикр мешавад, ки парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ба нақша гирифта шуда, парвоз аз Душанбе соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ ва парвози бозгашт аз Исломобод соати 13:30 сурат мегирад.

Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд.

«Барқарор кардани парвозҳо ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ нигаронида шудааст», - мегӯяд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.

Гуфта мешавад, ки ин ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон қаблан дар соли 2022 парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Исломободро анҷом медод, вале баъдан парвозҳо дар ин масир қатъ шуд.

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир ширкати "Сомон Эйр" танҳо ширкати фаъоли ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст. Парвозҳои ин ширкат аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия ва ҳамчунин ба Олмон, Гурҷистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон сурат мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзи 2 июл Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.

Таъкид мешавад, ки ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба симати нахуствазири Покистон мебошад. Сафари Шаҳбоз Шариф ду рӯз идома ёфта, дар доираи ин сафар вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед