Ru  | Tj
Парвози «Сомон Эйр» ба Теҳрон: Нархи чипта ҳудуди 2300 сомонӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парвози «Сомон Эйр» ба Теҳрон: Нархи чипта ҳудуди 2300 сомонӣ
Акс: Somon Air

Парвози «Сомон Эйр» ба Теҳрон: Нархи чипта ҳудуди 2300 сомонӣ

Нашр шуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ахиран хабар дод, ки парвозҳоро ба шаҳри Теҳрон – пойтахти Эрон ба зудӣ азсар гирифта, интизор аст аввалин парвоз дар масири Душанбе – Теҳрон рӯзи 31 январи соли 2023 анҷом шавад.

Ба иттилои дафтари матбуотии ширкати «Сомон Эйр», тибқи ҷадвали тасдиқшуда, ҳавопаймо соати 17:30 аз Душанбе парвоз карда, аз Теҳрон бошад соати 17:20 (вақти маҳаллӣ) парвоз мекунад. Вақти сафар аз Душанбе то Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти баргашт 2 соату 20 дақиқа хоҳад буд.

Дар ин замина гуфта мешавад, ки аз 10-уми феврали соли ҷорӣ хатсайри ҳавоии Душанбе – Теҳрон – Душанбе ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо бо такя ба маълумоти ширкати «Сомон Эйр» навиштаанд, ки арзиши билети парвоз аз Душанбе ба Теҳрон барои як тараф наздики 2300 сомонӣ аст.

Гуфтанист, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 фаъолият дошта, шаш ҳавопаймои муосири навъи Boeing 737-800 ва 737-900 дар ихтиёр дорад.

Дар ҳоли ҳозир ширкати мазкур аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед