Ru  | Tj
Пас аз ҷаласаи СААД. Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пас аз ҷаласаи СААД. Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Интернет-портал СНГ

Пас аз ҷаласаи СААД. Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин пас аз ҷаласаи маҷозии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар як тамоси телефонӣ вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз пас аз анҷоми нишасти СААД дар як гуфтугӯи телефонӣ перомуни вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳолати рушди вазъият дар Афғонистон табодули назар карданд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо дар ин гуфтугӯ ба идомаи тамосҳо дар сатҳҳои мухталиф ба тавофуқ расида, ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи амният таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва дар пайи ноором шудаин вазъ дар ин кишвар пешниҳод шуда буд.

Дар ин нишаст, ки дирӯз ба таври маҷозӣ баргузор гардид, сарони кишварҳои СААД масоили марбут ба таъмини амният дар Қазоқистон ва пешгирии таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои ин созмонро баррасӣ карданд.

Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД ҳастанд. Имсол раёсати давраии созмонро Арманистон ба ӯҳда дорад.

Раҳмон ва Зас таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро зарур шумурданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед