Ru  | Tj
«Пас аз сарозер шудани таксӣ». Дар Душанбе фаъолияти 200 таксӣ боздошта шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Пас аз сарозер шудани таксӣ». Дар Душанбе фаъолияти 200 таксӣ боздошта шуд
Акс: Азия-Плюс

«Пас аз сарозер шудани таксӣ». Дар Душанбе фаъолияти 200 таксӣ боздошта шуд

Нашр шуд

Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар шаҳри Душанбе ба хабарҳо дар бораи санҷиши густардаи фаъолияти таксиҳо дар пойтахт вокуниш кард. Бояд гуфт, ки тайи рӯзҳои охир шумораи таксиҳо дар шаҳри Душанбе кам шуда, инчунин таксиҳое ба чашм мерасанд, ки бидуни рақами қайди давлатӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, танҳо дар давоми ду рӯз фаъолияти беш аз 200 таксӣ ба далели ҷавобгӯ набудани ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ қатъ шудааст.

Бахтиёр Вайсзода, сардори БДА дар шаҳри Душанбе ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» гуфтааст, ки ин амалиёти мақсаднок ба хотири аз назар гузаронидани ҳолати техникии таксиҳо сурат мегирад.

Ба гуфтаи Бахтиёр Вайсзода, бо вуҷуди он ки барои 12 ҷамъияти хурди мусофирбар 4 ҳазору 100 саҳмия муқаррар шудааст, вале ҳоло зиёда аз 6 ҳазор мошини хурд бо хидматрасонии таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Вай таъкид кардааст, ки ба далели зиёд будани шумораи таксиҳо ронандагони онҳо ба хотири ёфтани мусофир қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона нақз карда, дар баъзе мавридҳо боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.

Ҳамзамон сардори БДА дар шаҳри Душанб хабарҳо дар бораи баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016-ро аз кӯчаҳои Душанбе рад карда, гуфтааст, ки «баръакс, ширкатҳои хидматрасони мусофиркаш барои ҳамкорӣ ба мақомоти БДА муроҷиат кардаанд, то мушкилоти мавҷуда бартараф гардад».

Бояд гуфт, ки санҷиши саросарии ҳолати техникӣ ва санадҳои расмии таксиҳои пойтахт як рӯз баъд аз ҳодисаи сарозер шудани як таксӣ аз болои пуле дар Душанбе ва бархӯрдани он ба автобуси мусофирбар сурат мегирад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед