Ru  | Tj
Павел Дуров муассиси Телеграм бо васиқаи 5 миллион евро озод шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Павел Дуров муассиси Телеграм бо васиқаи 5 миллион евро озод шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Павел Дуров муассиси Телеграм бо васиқаи 5 миллион евро озод шуд

Нашр шуд

Баъди чор рӯзи боздошт Павел Дуров бо пардохти васиқа аз боздошт раҳо шуд, аммо ҳаққи хуруҷ аз Фаронсаро надорад.

Бар асоси қарори додрас, Павел Дуров бо пардохти васиқа ба маблағи 5 миллион евро муваққатан боздошт намешавад ва ба ҷои ин номбурда муваззаф аст ҳафтае ду маротиба ба идораи пулиси Фаронса ҳозир шавад. Ҳамзамон муассиси Телеграм ҳақ надорад, ки аз қаламрави Фаронса берун шавад.

Қарори додраси фаронсавӣ пас аз чаҳор рӯзи боздошти Павел Дуров дар фурудгоҳи наздикии Порис содир шуд.

Муассиси мессенҷери Телеграм рӯзи 24 август замоне боздошт шуд, ки аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Порис омад.

Додситонии Фаронса муассис ва мудири паёмрасони Телеграмро дар адами ҳамкорӣ барои  шунуди қонунии гуфтугӯҳо дар Телеграм, “иштирок” дар мусоидат ба ҷиноёт, аз қабили порнографияи кӯдакон, хариду фурӯши маводи мухаддир ва шустушӯи даромадҳои ҷиноӣ, муттаҳам мекунад.

Боздошти Дуров дар Фаронса мавҷи вокунишҳоро ба бор оварда ва мақомоти баландпояи сиёсӣ, аз ҷумла дар Русия, Фаронса ва Эрон дар ин бора изҳори назар кардаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи 27 август гуфт, иттиҳомоти сангине, ки Фаронса алайҳи мудири ширкати Телеграм пешниҳод кардааст, агар бо далелҳои кофӣ тасдиқ нашаванд, ҳамчун "талоши маҳдуд кардани озодии иртиботот" арзёбӣ хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар мудирияти Телеграм ваъда додааст, ки маълумоти корбарони худро ҳеҷ гоҳ ифшо намекунад ва ба ин маъно, худро як ҷойгузин ба шабакаҳои иҷтимоии амрикоие медонад, ки ба баҳрабардории тиҷоратӣ аз маълумоти шахсии корбарон муттаҳам мешаванд.
 
Қобили зикр аст, ки боздошти Павел Дуров мудирону муассисони барномаҳои паёмрасонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод ва баҳсҳоро дар бораи марзи озодии баён афзоиш дод.

Аз сӯи дигар боздошти Павел Дуров чигунагии равобити давлатҳо бо паёмрасони Teлеграмро, ки тақрибан як миллиард корбар дорад, барҷаста кардааст. 

Гуфтанист, Павел Дуров 39 сол дошта, шаҳрвандии чанд кишвар, аз ҷумла Русия ва Аморотро дорад ва дороии ӯ беш аз 15 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Муассис ва мудири Телеграм дар Дубай зиндагӣ мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед