Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Пекин аз Душанбе хост, ки марги як чинӣ дар марз бо Афғонистонро таҳқиқ кунад
Нашр шуд
Бар асари ҳамла ба урдугоҳи як корхонаи чинӣ дар Тоҷикистон як шаҳрванди Чин кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дод, иттилоъ медиҳад The Express Tribune.
Ҳодиса шаби 18 ноябр рух дода, урдугоҳи корхонаи чинӣ дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ аст. Ҳанӯз ангеза ва ҳуввияти ҳамлагарон мушаххас нашудааст.
Пекин ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд. Сафорати Чин дар Душанбе барои расонидани кумак ва ҳамоҳангсозии амалҳои минбаъда ба маҳалли ҳодиса гурӯҳи корӣ фиристод.
Сафири Чин бошад аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ин ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Чин ба шаҳрвандон ва ширкатҳои чинӣ дар минтақаи марзӣ бо назардошти вазъи мушкил дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳушдор дод, ки ба масъалаҳои амниятӣ таваҷҷуҳи бештар кунанд.
Ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс”, ҳодиса дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рух додааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои чинӣ дар истихроҷи маъданҳо, аз ҷумла тило, фаъолият доранд. Дар ин кишвар якчанд корхонаи истихроҷи тило пурра ё қисман бо сармоягузории ширкатҳои чинӣ кор мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед